Шарифҷон Ҷумъазода: «Истеҳсоли маҳсулот дар шаҳри Ҳисор 30,7 % зиёд шудааст»
ҲИСОР, 26.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шаҳри Ҳисор бо дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз обод мегардад. Мардуми шаҳр аз сохтмон ва мавриди истифода қарор гирифтани иншооти муҳим рӯҳбаланд гардида, ба сӯи оянда қадамҳои устувор мегузоранд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода , иброз дошт.
Дар соли 2016 дар ҳудуди шаҳри Ҳисор як қатор иншооти истеҳсолию саноатӣ ва иҷтимоӣ, аз қабили корхонаи ҶСК «Комбинати металлургӣ», фермаи чорвопарварии хоҷагии А. Юсупов, бинои панҷошёна бо маркази хизматрасонии замонавӣ, меҳмонхонаи замонавии «Устонабот», боғчаи кӯдаконаи «Табассум» бунёд гардиданд. Ба ин восита зиёда аз 1000 нафар сокинони шаҳр соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.
Инчунин дар ин давр аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ корхонаҳои истеҳсолии навбунёди ҶДММ «Комфорт -76» ва ҶДММ «Мужда ЛТД-2016» ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Дар соли 2016 лоиҳаи бинои «Амфитеатр» барои 457 ҷойи нишаст, боғи истироҳатӣ дар қисми ғарбии осорхона, майдони парчами давлатӣ бо лавҳаи қаҳрамонони Тоҷикистон ва бунёди истгоҳ барои нақлиёти хизматӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Теъдоди умумии корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Ҳисор 50 адад буда, дар давраи ҳисоботӣ 42 ададаш фаъолият намуд. 28 адади он фаъолияти мавсимӣ доранд.
Дар ин давра корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 98, 4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард намуданд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 27,8 млн сомонӣ ё худ 30, 7 % зиёд аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






