Шералӣ Қурбонов: «Тахфиф вобаста ба муҳлати харидории чиптаи қатораҳо ҷорӣ мешавад»
ДУШАНБЕ, 24.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Арзон кардани нархи чипта танҳо аз «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вобастагӣ надорад, балки аз дигар роҳҳои оҳан ҳам вобастагӣ дорад. Яъне ҳудуди ҳар як роҳи оҳани давлатҳои ҳамсоя, ки мо убур карда мегузарем, ҷадвали махсус, база ва фоизи худро доранд ва он аз рӯи масоҳати роҳ ҳисоб карда мешавад. Барои ҳамин мо ба тариқи гуфтушунидҳо ва созишномаҳо якчанд тахфиф эълон кардем. Ин нуктаро Шералӣ Қурбонов, Сардори Корхонаи воҳиди мусофирбарии Корхонаи воҳиди давлатии (КВМ КВД) «Роҳи оҳани Тоҷикистон» имрӯз, 24 январ зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Номбурда иброз дошт, ки моҳи октябри соли 2016 мо бо намояндагони роҳи оҳани кишварҳои ҳамсоя гуфтушунид карда, дар он ҷо ба санаде имзо кардем, ки вобаста ба муҳлати харидорӣ кардани чипта тахфифҳо дода мешаванд.
«Ба мусофироне, ки аз 45 то 31 рӯз пеш чипта харидорӣ менамоянд, то 45%, агар аз 30 то 21 рӯз пеш чипта харидорӣ намоянд, то 40 %, аз 20 то 4 рӯз пеш чипта харидорӣ намоянд, то 35% тахфифҳо пешниҳод карда шудаанд. Ба ғайр аз ин дигар тахфифҳои гурӯҳӣ ҳам ҷорӣ кардаем, ки дар ҳолати якҷоя чипта харидани зиёда аз 11 нафар мусофир онҳо метавонанд маблағашонро 20 % сарфа кунанд, агар аз 25 нафар зиёд бошанд, метавонанд маблағашонро 30% сарфа карда, чипта харида, сафар кунанд»,- гуфт Шералӣ Қурбонов.
«Албатта, ин тахфифҳои мавҷуда моро қонеъ карда наметавонанд. Дар оянда тибқи супориши Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ният дорем, ки боз дигар намуди тахфифҳоро ҷорӣ намоем, то нархҳо барои мардум дастрас бошанд»,-зикр кард Ш. Қурбонов.








ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






