«Шоҳин Асмоӣ» тайёриро ба вохӯрӣ бо «Ҳосилот» идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 25.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Афғонистон оид ба футбол дастаи «Шоҳин Асмоӣ» тайёрии худро барои бозии аввали плей-оффи Ҷоми Конфедератсияии футболи Осиё бо дастаи «Ҳосилот»-и Фархор идома медиҳад. Футболбозони ин даста таҳти роҳбарии Боир Эгамбердиев ва ёвари ӯ Муҷтабо Файз аз ҳафтаи гузашта ба машқҳо шурӯъ карданд.
Муҷтабо Файз дар суҳбат ба «afghanpremierleague.com» гуфтааст: «Бо рӯҳияе, ки тими мо дорад, сайъ мекунем бо нишон додани як бозии ҳадафманд ва шурӯи хуб дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё -2017 қадам занем. Бозингарони мо ҳамарӯза бо тамриноти махсус дар варзишгоҳи Федератсияи футболи Афғонистон фаро гирифта шудаанд. Ҳамаи бозингарон дар машқҳо ҳузур доранд. «Шоҳин Асмоӣ» ҳамеша барои пирӯзӣ мубориза мебарад».
Чемпиони Афғонистон «Шоҳин Асмоӣ» дар ду бозии санҷишӣ тавонистааст ҳарифони худро шикаст дода, бозии хуб нишон диҳад.
Ёдрас мешавем, ки бозии рафту баргашти «Шоҳин Асмоӣ» бо «Ҳосилот»-и Фархор 31 январ ва 7 феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






