Шоҳмот: ғалабаи аввалини Фаррух Амонатов дар соли 2017
ДУШАНБЕ, 18.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Шоҳмотбози маъруфи Тоҷикистон Фаррух Амонатов дар мусобиқаи байналмилалии «Delhi International Open-2017», ки дар Ҳиндустон ба поён расид, ба аввалин ғалабаи худ дар соли нави 2017 комёб гардид. Дар ин бора «facebook.com» дар саҳифаи «15th Delhi International Open Grandmasters Chess Tournament-2017» хабар медиҳад.
Фаррух Амонатов, ки дар рейтинги ҷаҳонии шоҳмотбозон (ФИДЕ) дар ҷои 193-юм аст ва 2619 хол дорад, бо 8,5 имтиёз соҳиби мақоми аввал гардид. Мусобиқа бо тарҳи швейтсарӣ аз 10 дафъаи бозӣ сурат гирифт ва дар он 268 шоҳмотбоз аз 23 давлат иштирок карданд.
Зинаи дуюм ва сеюмро бо 8 имтиёзӣ Гош Диптян аз Ҳиндустон ва Марат Ҷумъаев аз Ӯзбекистон ишғол карданд.
Байни занон дар ин мусобиқа Гулрухбегим Тоҳирҷонова аз Ӯзбекистон пирӯз гардид.
Фаррух Амонатов дар силсилаи рақобатҳо дар 7 бозӣ ғалаба карда, се бозиро мусовӣ анҷом дод.
Соҳиби мақоми аввал бо 400 000, дуюм 300 000 ва сеюм бо 200 000 рупия сарфароз гардиданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






