Сохтмони ду бинои иловагии мактаб барои 970 хонанда дар ноҳияи Б. Ғафуров
ХУҶАНД, 13.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар доираи шиносоӣ бо корҳои бунёдкорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон аз ҷараёни корҳои сохтмонии ду бинои иловагии мактаб барои 970 хонанда боздид намуд. Абдураҳмон Қодирӣ масъулини ноҳия, ҷамоатҳо ва пудратчиёни ҶДММ «Раёсати сохтмонии барқарор»-ро барои дар муҳлати муқарраргардида ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ вазифадор намуда, ҳамчунин суръат бахшидан ба корҳои ободонии ҳудуди ҷамоатҳо, таъмири роҳҳои дохилӣ ва чароғонкунии кӯчаҳоро талаб кард. Дар ин бора масъулин аз шуъбаи маорифи ноҳия ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар доданд,
Тибқи нақшаи мақомоти маҳаллии ноҳиявӣ дар назди муассисаи таҳсилоти умумии рақами 23 ҷамоати Ҳайдар Усмонов дар ҳамдастӣ бо соҳибкорон бунёди бинои иловагии мактаб ба нақша гирифта шудааст. Бинои нави мактаб барои 430 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, аз 2 ошёна ва 16 синфхона иборат хоҳад буд. Айни ҳол наздик ба 400 нафар фарзандони маҳал дар бинои мавҷудаи мактаб, ки соли 2005 сохта шудааст, таҳсил мекунанд ва ба муассисаи нав эҳтиёҷ доранд.
Инчунин боз як бинои иловагӣ, иборат аз се ошёнаву 16 синфхона барои 540 нафар дар як баст дар назди мактаби рақами 14-и ҷамоати Унҷӣ, ки сохтмони он соли гузашта аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оғоз гардида буд, соли равон ба истифода дода мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






