Соли 2016 теъдоди нафақагирон 2,8 фоиз афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 16.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ 642 ҳазору 927 нафар нафақагир буда, ин теъдод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 ҳазору 466 нафар ё 2,8 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин бора имрӯз, 16 январ зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назокат Одиназода маълумот дод.
Бино ба гуфтаи Назокат Одиназода, дар ин давра андозаи миёнаи нафақаҳои меҳнатӣ 274 сомонӣ, суғуртавӣ 284 сомонӣ ва иҷтимоӣ 144 сомониро ташкил намуд.
«Андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 272 сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42 сомонӣ ё 18,2 фоиз зиёд гардидааст»,- илова намуд муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба маълумоти Назокат Одиназода дар айни замон ягон супориш оид ба баланд намудани нафақа дар соли 2017 аз ҷониби Ҳукумати кишвар дода нашудааст.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






