ҶСП «Фононбонк» ба ҶСК «Фононбонк» табдил ёфт
ДУШАНБЕ, 07.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. 29 декабри соли 2016 ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи (ҶСК) «Фононбонк» барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода, зикр намуданд, ки ин тадбир дар асоси моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва моддаҳои 7, 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» андешида шуд.
Манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки мутобиқи ин қарор Иҷозатномаи Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи (ҶСП) «Фононбонк» аз таърихи 23 апрели соли 2013 бинобар иваз шудани номгузории ташкилот аз эътибор соқит гардид.
Дар робита ба ин, ба Департаменти назорати бонкӣ ва Идораи низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки дар Феҳристи ташкилоти қарзӣ ва Маълумотномаи «Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилоти қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабтҳои дахлдорро ворид намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






