«Тоҷикистони ман»- намоиши асарҳои рассомон дар Суғд

Январь 27, 2017 12:05

ДУШАНБЕ, 27.01.20167 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд намоиши асарҳои рассомон ва намунаи ҳунари ҳунармандони вилоят таҳти унвони «Тоҷикистони ман» баргузор гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар намоиши мазкур 63 нафар бо асарҳои санъати худ иштирок намуданд. Аз онҳо 40 нафар мусаввир, 8 нафар ҳайкалтарош, 13 нафар кашидадӯз, 1 нафар наққош ва 1 нафар кошинкор буданд.
«Ин бори сеюм аст, ки дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бо ҳамкории Академияи мусаввирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд намоиши асарҳои рассомон ба роҳ монда мешавад»,- хабар дод манбаъ.

Январь 27, 2017 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст