Қутбиддин Муъминзода: «Барои хариду фурӯши қитъаи замин дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намудани моддаи алоҳида ба мақсад мувофиқ аст»

Январь 6, 2017 09:22

dsc_0692-kopiyaДУШАНБЕ, 6.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Таҷрибаи баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣ дар судҳо собит месозад, ки барои хариду фурӯши қитъаи замин дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ бо моддаи алоҳида ва мушаххас пешбинӣ карда нашудааст ва кор ба ҷойе расидааст, ки дар рӯзномаҳо ба таври ошкоро хариду фурӯши қитъаи замин эълон мешавад»,-гуфт Қутбиддин Муъминзода, муовини Раиси Суди ноҳияи Рӯдакӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ба андешаи ҳамсуҳбат, мақомоти таъқиби ҷиноятӣ нисбат ба гунаҳгорони ин кирдор дар аксар маврид бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз мекунанд ва судҳо низ бо ин меъёри қонуни ҷиноятӣ онҳоро гунаҳгор ҳисобида, нисбаташон ҷазо таъйин менамоянд. Номбурда бо мақсади мушаххас кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои хариду фурӯши қитъаи замин дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намудани моддаи алоҳидаро ба мақсад мувофиқ дониста, онро дар амалигардонии муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини кафолати истифодаи самараноки замин мусоидаткунанда номид.
Масалан, мақомоти таъқиби ҷиноятӣ (прокуратураи ноҳияи Ш) нисбат ба шаҳрванд П., таваллудаш 1 феврали соли 1990 ва З., таваллудаш 2 майи соли 1980 ба ҷабрдида Х., қитъаи замини масоҳаташ 0,2 га, воқеъ дар ноҳияи Ш., ҷамоати деҳоти М., деҳаи Х.-ро ба маблағи 30.000 сомонӣ фурӯхтааст ва барои ин кирдор нисбат ба онҳо бо моддаҳои 247 қисми 4 банди «б» ва 338/1/ қисми 2 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон намуда, парвандаро ба Суди ноҳияи Ш., равон кардааст. Суди марҳилаи якум бо ҳукми худ аз 12 июли соли 2016 онҳоро бо ин моддаҳои қонуни ҷиноятӣ гунаҳгор дониста, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин намудааст. Парванда дар марҳилаи кассатсионӣ баррасӣ гардида, бо қарор аз 23 августи соли 2016 ҳукми суди марҳилаи якум бетағйир ва шикояти кассатсионии маҳкумшуда беқаноат мононда шудааст.
Аз рӯйи моҳияти айб маълум аст, ки байни судшавандаҳо ва ҷабрдида муомилот, яъне хариду фурӯши қитъаи замин сурат гирифтаааст ва судшавандаҳо ҳоло ҷавон буда, дар ягон ҷой кор намекунанд. Ҷабрдида дидаю дониста, ки ҷудо кардани қитъаи замин ба ваколати онҳо дохил намешавад, барои гирифтани қитъаи замин ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ш., муроҷиат накарда, онро харидорӣ кардааст. Ҳоло фурӯшандаҳои қитъаи замин дар ҳабс буда, харидор ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.
«Ба андешаи ман пешбинӣ кардани ҷавобгарӣ барои хариду фурӯши қитъаи замин (дар моддаи алоҳида) мувофиқи мақсад буда, яке аз омилҳои пешгирии ҷиноят дар соҳаи замин мебошад. Ҳамзамон моддаи нав метавонад барои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи мақсадноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ» аз 3 октябри соли 2011, № 1147, ки дар он манъ будани хариду фурӯши қитъаи замин таъкид гардидааст, мусоидат намояд.
Айнан ба ҳамин монанд камбудиҳо, яъне хариду фурӯши қитъаи замин дар ҳудуди ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёд буда, такмили қонунгузории соҳа ба манфиати кор мебошад»,-илова намуд Қутбиддин Муъминзода.

Январь 6, 2017 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид