Варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ ширкат мекунанд
ДУШАНБЕ, 5.01.2016 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ, ки аз 12 то 22 майи соли равон дар шаҳри Боку ҷараён мегиранд, иштирок мекунанд. Дар ин бора Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар ин масъала охири соли гузашта дар шаҳри Душанбе бо кормандони масъули Кумитаи миллии олимпӣ ва роҳбарону намояндагони федератсияҳои миллии варзишии мамлакат ҷаласа гузаронида шуд. Аз рӯи пешниҳодҳо дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ тоҷикистониён аз рӯи 14 риштаи варзиш иштирок мекунанд. Дар маҷмӯъ мусобиқаҳо аз рӯи 20 намуди варзиш гузаронида мешаванд. Тавре «ru.wikipedia.org» менависад, «барои Бозиҳои чаҳоруми ҳамбастагии исломӣ иншооти нави варзишӣ сохта намешаванд ва онҳо дар 16 маҷмаи муосири варзишии Боку, ки пештар сохта шудаанд, ҷараён мегиранд».
Аз рӯи хабари Кумитаи ташкилии мусобиқа барои ширкат дар бозиҳо аллакай 49 давлат дархост равон кардаанд.
Тақвими барномарезии мусобиқоти Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ чунин омадааст:
| Май | 11 панҷ |
12 ҷум |
13 шан |
14 як |
15 ду |
16 се |
17 чор |
18 пан |
19 ҷум |
20 шан |
21 як |
22 ду |
Медалҳои тилло | |
| Намудҳои варзиш | кушод | пӯшида | ||||||||||||
| Баскетбол 3×3 | ● | ● | ● | ● | 2 | 2 | ||||||||
| Бокс | ● | ● | ● | ● | ● | ● | 5 | 5 | 10 | |||||
| Гӯштингирӣ | 4 | 4 | 4 | 4 | 4 | 4 | 24 | |||||||
| Поло дар об | ● | ● | ● | ● | ● | 1 | 1 | |||||||
| Волейбол | ● | ● | ● | ● | ● | ● | ● | ● | 1 | 1 | 2 | |||
| Гандбол | ● | ● | ● | ● | ● | 2 | 2 | |||||||
| Дзюдо | 5 | 5 | 4 | 14 | ||||||||||
| Зӯрхона | ● | |||||||||||||
| Карате | 8 | 7 | 12 | |||||||||||
| Варзиши сабук | 8 | 10 | 8 | 8 | 8 | 42 | ||||||||
| Шиноварӣ | 7 | 8 | 9 | 7 | 11 | 42 | ||||||||
| Ҷаҳидан ба об | 2 | 2 | 2 | 2 | 8 | |||||||||
| Тенниси рӯи миз | ● | 2 | ● | 2 | 4 | |||||||||
| Гимнастика | ● | ● | 4 | 10 | 14 | |||||||||
| Тирпарронӣ | ● | 3 | 3 | 2 | 3 | 3 | 3 | 3 | 19 | |||||
| Теннис | ● | ● | ● | ● | ● | 3 | 3 | 6 | ||||||
| Тхэквондо | 2 | 2 | 2 | 2 | 8 | |||||||||
| Вазнбардорӣ | 3 | 3 | 3 | 3 | 3 | 15 | ||||||||
| Ушу | ● | ● | 10 | 10 | 20 | |||||||||
| Футбол | ● | ● | ● | ● | ● | 2 | 2 | |||||||
| Гимнастикаи бадеӣ | ● | 2 | 6 | 8 | ||||||||||
| Ҳамагӣ | 0 | 0 | 23 | 24 | 23 | 18 | 35 | 34 | 34 | 24 | 28 | 16 | 259 | |
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






