Виталий Левченко: «Ғалаба бар Юнон натиҷаи ҳақиқӣ ва арзанда аст»

Январь 9, 2017 11:54

ДУШАНБЕ, 09.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи мамлакат оид ба футбол Виталий Левченко баъди ғалаба бар дастаи мунтахаби Юнон бо ҳисоби 1:0 дар бозии аввалини гурӯҳи «А» дар мусобиқаи байналмилалӣ барои хотира ва ҷоизаи аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин, ки дирӯз дар шаҳри Санкт Петербурги Россия ба анҷом расид, дар нишасти матбуотӣ гуфт: «то дақиқаи 20-ум бартариро футболбозони мо соҳиб буданд ва баъдан онро аз даст доданд, аммо дар нимаи дуюм мо эҳсосотро фаромӯш карда, бозии хуби худро нишон додем. Ғалаба дар ин вохӯрӣ барои футболбозони мо натиҷаи ҳақиқӣ ва арзанда аст. Чун мавсими нав акнун оғоз мешавад, алҳол дар бозии бачаҳо камбудиҳоро эҳсос мекунем».
Ба саволи хабарнигорон дар бораи мақсаду вазифаҳои даста дар ин мусобиқа Виталий Левченко арз намуд, ки ҳар сарбоз орзуи генерал шуданро дорад. Мо ҳам дар ҳар як бозӣ бо мақсади ғалаба ба майдон меоем.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Юнон Гумас Иоаннис низ ба саволҳо ҷавоб гуфт. Ӯ бохти дастаашро аз ҳунарнамоии хуби футболбозони Тоҷикистон донист.

Январь 9, 2017 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд