Волидони зиёда аз 15 ҳазор кӯдакони ноҳияи Файзобод хоҳони кӯдакистонанд

Январь 25, 2017 16:44

ФАЙЗОБОД, 25.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Волидони зиёда аз 15 ҳазор кӯдакони ноҳияи Файзобод мехоҳанд фарзандонашон дар кӯдакистонҳо тарбияю таълим гиранд, вале кам будани муассисаҳои томактабӣ барои кӯдакон мушкилӣ пеш овардааст. Аз ин хотир дар ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон, Меҳробод ва Мискинободи ноҳия дар соли 2017 се кӯдакистон ба истифода дода мешаванд. Ин нуктаро раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
«Бо ташаббуси саховатмандону сокинони ноҳия бо маблағи 59 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 150 ҳазор сомонӣ дар шоҳроҳи Ваҳдат- Лахш корҳои ҳамворсозии талу теппаҳо иҷро гардид. Дар ноҳия 82 ҳазор дарахтони ороишию мевадиҳанда шинонида шуданд. Дар масоҳати 3,5 километр дар кӯчаи марказии ноҳия хати равшаннамоӣ мавриди истифода қарор дода шуд», -изҳор дошт раиси ноҳия.
Миралӣ Раҷабзода ҳамчунин зикр кард, ки дар соли 2016 дар ҳудуди ноҳия 1705 ҷойи нави корӣ, аз ҷумла 461 ҷойи кори доимӣ, 758 ҷойи корӣ мавсимӣ ва 486 ҷойи кори муваққатӣ таъсис дода шуданд.

Январь 25, 2017 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст