Юе Бин, Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ҳамкории минбаъдаи ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя боз ҳам густариш меёбад»
ДУШАНБЕ, 13.01.2017 /АМИТ Ховар/. Дар Донишгоҳи давлатии Данғараи вилояти Хатлон корхонаи дӯзандагӣ барои 50 нафар занони хонашин ба фаъолият шурӯъ намуд.
Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин иқдом бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи корхонаи мазкур Раиси Кумита Идигул Қосимзода иброз дошт, ки густариш ёфтани ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Чин дар баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии занону духтарон, тарбияи дурусти фарзандон, солиму обод нигоҳ доштани оила ва тақвияти муносибатҳои оиладорӣ нақши муассир мегузорад.
Юе Бин, Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки ҳамкории минбаъдаи ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя боз ҳам густариш ёфта, дӯстиву рафоқат барои нақшаҳои ояндаи давлатҳо заминаи боэътимод хоҳад гузошт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






