Юсуф Акрамзода: «КВДҶ «Тоҷикагролизинг» бо корхонаҳои ватанӣ ҳамкории назаррас ба роҳ мондааст»

Январь 25, 2017 12:08

Агролизинг (5)ДУШАНБЕ, 25.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. КВДҶ «Тоҷикагролизинг» соли 2016 аз корхонаҳои ватанӣ таҷҳизоти кишоварзӣ, аз қабили картошкашинонак, картошкаканак, испорҳо, чизел култиватор, чапар, решаканак, лемех, гандумкӯбак харидорӣ намуда, дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонӣ қарор дод, ки ҳоло мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд. Дар ин бора директори КВДҶ «Тоҷикагролизинг» Юсуф Акрамзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Юсуф Акрамзода, ин тадбир дар асоси супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ бо корхонаҳои ватанӣ ҷиҳати ташкил ва мукаммал намудани марказҳои хизматрасонии техникӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ андешида шудааст.
Директори КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ҳамчунин зикр намуд, дар ин давра бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхона имкон пайдо кард, ки ҳамкориро бо корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ- КВД «Коргоҳи мошинсозӣ», ҶШСК «Авторем», ҶШСК «Новселмаш», ҶШСП «ТоҷИрон» густариш диҳад.
Ба маълумоти директори корхона, агар дар соли 2015 КВДҶ «Тоҷикагролизинг» бо корхонаҳои ватанӣ ба маблағи 676 022 ҳазор сомонӣ шартнома баста бошад, дар соли 2016 ба маблағи зиёда аз 6 078 618 сомонӣ оид ба харидории техникаю таҷҳизоти истеҳсоли ватанӣ шартнома баста шуд, ки нисбат ба соли 2015-ум 5 402 596 сомонӣ зиёд мебошад.
Юсуф Акрамзода ба хабарнигорон ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар соли 2016 дар ноҳияҳои Тоҷикобод, Абдураҳмони Ҷомӣ, Восеъ ва Вахш базаҳои нигоҳдории техникаю таҷҳизот пурра сохта шуда, дар ноҳияи Лахши водии Рашт, шаҳри Конибодом ва ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд сохтмони базаҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Январь 25, 2017 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст