«Арўси наврўзӣ» ва «Моҳпайкари Наврўз» дар арафаи ҷашни Наврўз ҷамъбаст мегарданд

Февраль 28, 2017 12:11

ДУШАНБЕ, 28.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Наврўзи байналмилалӣ, иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагӣ ва баргузории ҷашни Наврўзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода (21-22 марти соли 2017) аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Арўси наврўзӣ» ва Фестивали либосҳои миллӣ таҳти унвони «Моҳпайкари Наврўз» байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ роҳандозӣ гардид.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат хабар доданд, мутобиқи тартиби баргузорӣ даври аввали озмунҳо имрўзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар оғоз гардидааст ва дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврўз ҷамъбаст мегардад.
Барномаҳо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, мақсад аз роҳандозии он дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ, ифтихор аз фарҳангу либоси миллии худ ва ҳисси худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудан, заминагузорӣ барои бунёди фардои оилаҳои солим, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна рафторҳои номатлуб, хушунату зўровариҳои рўҳиву ҷисмонӣ, рушди маънавиёти фарҳангию сиёсӣ ва маърифатию ҳукуқии ҷавондухтарон дар самти созандагиву бунёдкорӣ мебошад.

Февраль 28, 2017 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст