Ҳавои номусоид кишвар боз се рӯзи дигар боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 17.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Боз се рӯзи дигар дар кишвар ҳавои номусоид боқӣ монда, дар водиҳо борони пуршиддат ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар дошта шудааст. Тавре мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ доданд, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 12 то 14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, борону барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят то 5 дараҷа гарм ва дар шарқи он то 5 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешгӯйӣ мегардад. Борон борида, туман мефарояд. Дар водиҳо аз 12 то 17 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ гардида, дар водиҳо борон меборад. Туман мефарояд. Дар водиҳо аз 6 то 11 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ҳаво дар доманакӯҳҳо то 5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ мегардад. Боридани борон ба қайд гирифта шудааст. Ҳаво дар водиҳо аз 10 то 15 дараҷа гарм мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар ин рӯзҳо эҳтимолияти болоравии сатҳи оби дарёҳо, лағзиши тарма ва сангрезиҳо, инчунин яхбандӣ ва ҷамъшавии ғарами барфҳо дар роҳҳои кӯҳӣ дар назар аст.
Бинобар ин аз шаҳрвандон хоҳиш мешавад, ки ба қадри имкон аз сафар ба ноҳияҳои кӯҳистон дар ин рӯзҳо худдорӣ намоянд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






