«Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат» — роҳпаймоии ҷавонон дар Файзобод

Февраль 8, 2017 15:33

ФАЙЗОБОД, 08.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дар маркази ноҳияи Файзобод бо иштироки зиёда аз 500 нафар ҷавонони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия роҳпаймоӣ таҳти унвони «Ҷавонон -пайрави Пешвои миллат» доир гардид. Дар ин бора аз бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиши мазкур аз ҷониби ҷавонон муроҷиатномаи ҷавонони ноҳияи Файзобод перомуни эълон гардидани Соли ҷавонон қабул гардид, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст: «Мо ҷавонони ноҳияи Файзобод дар қатори ҳазорҳо ҷавонони кишвар тамоми донишу малака ва ҳунару маҳорати худро баҳри он равона менамоем, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро дар амал татбиқ намуда, ҳамеша сазовори боварии Пешвои миллат бошем».

Февраль 8, 2017 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ