«Боре дар уезд»-дар саҳнаи театри ба номи Лоҳутӣ
ДУШАНБЕ, 18.02.2017 /«АМИТ «Ховар»/. Ҳунарпешагони Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ду намоиши навро манзури тамошобинон мегардонанд. Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, намоиши аввал бо номи «Шабе дар театр» дирӯз, 17 феврал соати 17:30 дар толори хурди Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба тамошо гузошта шуд.
«Намоиши «Шабе дар театр» аз рӯи пйесаи нависандаи машҳури рус Антон Павлович Чехов бо коргардонии ҳунарпешаи шинохта Хуршед Мустафоев рӯи саҳна омадааст. «Шабе дар театр» намоиши мазҳакавӣ аст ва се ҳикоя: «Хирс», «Таклиф» ва «Суруди парвози баланд» -ро дарбар мегирад»,-хабар дод манбаъ.
Намоиши дуюм «Боре дар уезд» номгузорӣ шуда, он ҳам мазҳака мебошад. Ин намоиш низ аз рӯи осори Антон Павлович Чехов бо коргардонии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Баҳодур Миралибеков таҳия гардидааст. Он аз ду ҳикояи муаллиф- «Ҷарроҳӣ» ва «Бадсигол» иборат аст.
Баргузории нахустнамоиши «Боре дар уезд» имрӯз, 18 феврал соати 15:00 дар толори хурди Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар назар аст.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






