Дар Бадахшон бар асари тармафароӣ беш аз 70 мошини мусофирбару боркаш дармондаанд
ХОРУҒ, 20.2.2017 /АМИТ «Ховар»/. Назар ба иттилои навбатдори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ВМКБ Мансурхон Додихудоев, роҳи Душанбе-Хоруғ чаҳор рӯз ин ҷониб баста буда, кормандон кӯшиш доранд сари вақт роҳро тоза кунанд. «Зиёда аз 70 мошини мусофирбару боркаш дар роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ дармонда, мусофирон ба ноҳияи Ванҷ интиқол дода шудаанд. То кушода шудани роҳ онҳо дар хонаҳои сокинони деҳот мемонанд. Пас аз тоза кардани тармаи деҳаи Шипади ноҳияи Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ кушода хоҳад шуд»,- гуфт Мансурхон Додихудоев.
Ҳамчунин навбатдори ситоди мазкур иброз дошт, ки дар роҳи мошингарди Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим тармафароӣ зиёд шуда, тоза кардани ин тармаҳо муҳлати зиёдро талаб мекунад.
Тибқи иттилои манбаъ, бар асари тармафароӣ чанд манзил дар ноҳияҳои Ванҷу Шуғнон хароб гардидаанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






