Дар Хатлон «НКВД» ва «Ленин-юлӣ»-ро ба «Чорбоғ» ва «Абдулло» табдил доданд

Февраль 18, 2017 09:27

Мачлиси Олли (5)ДУШАНБЕ, 18.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати кишвар ва Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлонро дар мавриди иваз кардани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ҷануби Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд. Тибқи он номи 2 деҳот, 13 деҳа ва 1 шаҳрак тағйир дода шуд. Дар ин росто деҳоти Сари Осиёби ноҳияи Ховалинг ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Ғаффор Мирзо гузошта шуд. Шаҳраки Колхозободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ «шаҳраки Балх» ном гирифт.
Инчунин деҳоти «Туғаланг»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба «Ҳалевард», деҳаи «Коминтерн» ба «Кишоварзон», деҳаи ба номи Ленин ба деҳаи «Деҳқонобод», деҳаи «Коммунизм» ба номи Саид Кароматулло, деҳаи «НКВД» ба «Чорбоғ», деҳаи «Ленин-юлӣ» ба номи Абдулло, деҳаи «Қизил-Тоҷикистон» ба номи Асадулло ва деҳаи Чапаев ба «Наврӯз» табдили ном карданд. Бояд зикр кард, ки деҳаҳои мазкур дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ қарор доранд.
Инчунин деҳаи Чаманбулоқи деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон «Чаманзор», деҳаи «Қармиш» «Яккатут», «Утаган» «Гулибодом», «Қулобод» «Кӯлобод», «Қирғочак» «Анористон» ва деҳаи «Тутбулоқи сари санг» «Тутчашма» ном гирифтанд.
Мақсад ва зарурати тағйир додани номи ду деҳот, 1 шаҳрак ва 13 деҳа дар вилояти Хатлон мутобиқ намудани номгузорӣ ба меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамзамон эҳё ва ҳифз намудани номҳои таърихӣ, фарҳанги миллӣ ва ба инобат гирифтани афкори умум ва хоҳиши сокинони маҳалҳо мебошад.

Февраль 18, 2017 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд