Дар Хуҷанд намоиш- фурӯши ниҳолҳо доир гардид
ХУҶАНД, 27.02.2016. /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал дар назди Театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши ниҳол ва дигар зироати кишоварзӣ баргузор гашт. Намоиш бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба фасли баҳор ва оғози мавсими кишту кор, ҳамзамон такон бахшидан ба маъракаи сабзазоркунию ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, аҳолӣ ва соҳибкорони вилояти Суғд баҳри бунёди боғу токзори нав доир гашт.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни иштирок бо ҷараёни баргузории ярмарка-фурӯш шинос гардида, аз растаҳои гуногуни ниҳолу гулҳо дидан намуд.
Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар намоиш хоҷагидорону кишоварзони 12 шаҳру навоҳии вилоят, ки ба истеҳсоли ниҳол, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироати кишоварзӣ машғуланд, ширкат намуда, зиёда аз 800 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ, ток ва гулу гулбуттаҳо, инчунин наздик ба 4 000 тонна тухмиҳои сабзавоту гулҳоро пешкаши харидорон гардониданд. Ҳамзамон аз ҷониби олимону мутахассисони соҳа роҷеъ ба парвариши ниҳолҳо ва зироат нуқтаҳои маслиҳатӣ низ ташкил шуданд.
Дар намоиш меҳмонон аз 3 хоҷагии ниҳолпарвари ноҳияҳои ҳамсарҳади ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон иштирок намуда, баҳри иштирокдорону харидорон беш аз 2600 бех дарахтони сояафкану ороишӣ пешкаш намуданд.
Бояд гуфт, ки тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят чунин намоиш-фурӯши ниҳолҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят то 25 март идома меёбад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






