Дар ноҳияи Муъминобод аз 40 то 60 сантиметр барф борид
МУЪМИНОБОД, 08.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 3- 4 феврали соли равон дар ноҳияи Муъминобод аз 40 то 60 сантиметр барф борид. Дар деҳоти кӯҳистон бориши барф аз ин ҳам зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Бо мақсади таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт дар роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия ба таври шабонарӯзӣ фаъолият бурда, ҳангоми бориши барф сари вақт маводи зиддилағжиш ва омехтаи қуму намак мепошанд.
Тавре Темур Ҳаётов, сардори муассисаи мазкур иттилоъ дод, давоми солҳои охир дар ноҳия чунин бориши зиёди барф ба қайд нагирифта шуда буд. Омодагии хуби муассиса ба тирамоҳу зимистони имсола имкон фароҳам овард, ки бо истифода аз техникаи соҳавӣ коргарони муасиса роҳҳоро сари вақт аз барф тоза намоянд.
Дар баробари Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия кормандони корхонаи хоҷагии манзилию коммуналӣ давоми ду шабонарӯз дар маркази ноҳия фаъолияти хуб нишон дода, роҳҳо ва дарахтони ороишию сояафканро аз барф тоза карданд.
Ба иттилои маркази обуҳавосанҷӣ, давоми чанд рӯзи оянда ҳавои бебориш дар назар дошта шуда, сардии ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳистони минтақаи Кӯлоб то 14 дараҷа пешгӯӣ мешавад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






