Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиш баргузор гардид

Февраль 28, 2017 14:51

ДУШАНБЕ, 28.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Созанда» — и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба қабул гардидани Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 ҳамоиш баргузор гардид,
Ҷӯрабек Муродов, раиси ташкилоти ибтидоии «Созанда» доир ба саҳми сазовори Қатъномаи мазкур дар ҷумҳурӣ ва берун аз он дар масъалаҳои марбут ба об ибрози андеша намуд.
Номбурда аз ҷумла зикр кард, ки об қудрати созандагию ободонӣ, вайронсозиву барбоддиҳандагӣ дошта, муайянкунандаи иқлим, оинаи сатҳи замину маҳлулкунанда, ҳомили ҳар гуна моддаҳои ғайриорганикӣ буда, ба таҳшиншавии ҷинсҳо ва ба вуҷуд омадани хок (гил) кумак мерасонад. Табиат бо тамоми ҳастиаш гуворост, вале об накӯтарин мӯъҷизаи он аст. Об унсурест, ки табиати хобидаро ба бедорӣ водор месозад.
Сипас Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шомансур ва дигар аъзои ҳизб аз иштирокдорони ҳамоиш даъват ба амал оварданд, ки дар амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати баррасии нуктаҳои муҳими ин Қатънома дар тамоми кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фаъол бошанд.

Февраль 28, 2017 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид