Дар Покистон машварати минтақавӣ оид ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълони Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» баргузор гардид

Февраль 17, 2017 15:53

ДУШАНБЕ, 17.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Исломобод бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати илму технологияи Покистон, Фонди илмии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Шӯрои Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба омӯзиши захираҳои обӣ 15 феврал Машварати минтақавӣ таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор гардид. Дар кори он доираи васеи намояндагони баландпояи вазорату идораҳои гуногуни кишвари муқим, мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ, Фонди илмии Созмони ҳамкории иқтисодӣ, олимон ва устодони донишгоҳҳо ва институтҳои тадқиқотӣ, инчунин коршиносони ташкилотҳои ғайридавлатӣ ширкат намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар оғоз дар назди иштирокчиёни Машварати минтақавии мазкур Сафири Тоҷикистон Шералӣ Ҷононов, муовини вазири федеролии илм ва технологияи Покистон Муҳаммад Ашраф, Президенти Фонди илмии Созмони ҳамкории иқтисодӣ, профессор Манзур Сумру ва Раиси Шӯрои Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба омӯзиши захираҳои обӣ, профессор Муҳаммад Ашраф сухан гуфтанд.

????????????????????????????????????

Аз ҷумла, Сафири Тоҷикистон Шералӣ Ҷононов ба ҳозирин ҷиҳати иштирок дар Машварати минтақавии мазкур изҳори сипос намуда, гуфт, ки ин маърака давоми он ташаббусҳое мебошад, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шудаанд. Вай гуфт, маҳз бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаро зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд, ки ҷиҳати эҷоди заминаи устувор барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳавасмандгардонии талошҳо ба мақсади ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба мудирияти масъалаҳои об мусоидат менамояд.
Баъдан дар кори ин чорабинӣ гурӯҳҳои техникӣ ҷанбаҳои методологӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ, илмӣ ва амалии татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар сатҳи миллӣ баррасӣ гардида, дар хатми Машварати минтақавӣ пешниҳодҳои дахлдор қабул гардиданд.

Февраль 17, 2017 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ