Дар шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ ҳаракати нақлиёт тибқи реҷаи тасдиқгардида амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 25.02.2017. /АМИТ «Ховар» /. Шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд — Чаноқ шурӯъ аз шоми 24 феврали соли равон аз тарма тоза гардида, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мазкур имконпазир гардид.
Дар ин бора аз Маркази матбуоти Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Ба маълумоти шаҳрвандон мерасонем, ки тибқи фармоиши дахлдор «Дар бораи ташкил ва танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ», аз ин пас, то як муддати муайян ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи реҷаи тасдиқнамудаи Вазорати нақлиёт, Вазорати корҳои дохилӣ ва филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Тибқи реҷаи мазкур ҳаракат дар шоҳроҳи мазкур рӯзҳои тоқи ҳафта аз самти Хуҷанд ба Душанбе ва рӯзҳои ҷуфти ҳафта аз Душанбе ҷониби Хуҷанд муқаррар шудааст»,- афзуд манбаъ.
Дар ин робита Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофирбар хоҳиш менамояд, ки танзими ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд- Чаноқ риоя намоянд.








Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад






