Дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2015 ба андозаи 26 фоиз камтар маводи мухаддир мусодира шудааст
ДУШАНБЕ, 02.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ нисбат ба соли 2015 1 тоннаю 250 кг ё 26 фоиз камтар маводи мухаддир мусодира карда шудааст. Ин нукта имрӯз дар нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардид.
Инчунин зикр гардид, ки аз тарафи кормандони Агентӣ дар соли 2016 152 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор гардид. Аз муомилоти ғайриқонунӣ 808 кг 149 грамм маводи нашъаовар, аз ҷумла 18 кг 377 грамм героин, 237 кг 267 грамм афюн ва 543 кг 929 грамм маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис мусодира гардид, ки нисбат ба соли 2015 — 212 кг 65 грамм ё 20 фоиз камтар мебошад.
Ҳамчунин ду ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари навъи синтетикӣ ва моддаҳои психотропӣ ошкор ва аз муомилот 180 (с. 2015 — 5439) дона ҳабби синтетикии навъи экстазӣ (МДМА) ва Амфетамин мусодира карда шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






