Дастгир шудани сармутахассиси соҳаи заминсозии Ҳисор бо гумони гирифтани пора
ДУШАНБЕ, 08.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Ҳисор, сармутахассиси соҳаи заминсозии шаҳри мазкур бо гумони гирифтани пора дастгир карда шуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, гумонбаршуда ҳамчун шахси мансабдор, аз ваколатҳои мансабиаш истифода намуда, 4 феврали соли равон ду қитъаи замини наздиҳавлигиро дар масоҳати ҳар кадомаш 0,06 га, ҷамъ 0,12 га-ро дар ҳудуди деҳаи Булбулчашмаи ҷамоати деҳоти Ҳисор ба номи зани 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Алмосӣ ҷудо карда, аз шавҳари номбурда, марди 42-солаи сокини ҳамин шаҳр 6 ҳазор сомониро ҳамчун пора талаб карда гирифтааст. «Нисбат ба дастгиршуда аз тарафи Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 319 қисми 2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад»,-хабар доданд аз Вазорати корҳои дохилӣ.








33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд






