«Дордой»-и Бишкек- ҳарифи «Ҳосилот»-и Фархор

Февраль 28, 2017 13:50

ДУШАНБЕ, 28.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз соати 16:00 дар Варзишгоҳи марказии пойтахт бозии ҳалкунандаи плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бо ширкати дастаҳои «Ҳосилот»-и Фархор ва «Дордой»-и Қирғизистон доир мешавад. Аз ин хотир зарур шуморидем, ки муаррифномаи «Ховар»-ро дар бораи дастаи «Дордой» пешниҳоди шумо гардонем.
«Дордой»-и Бишкек аз беҳтарин дастаҳои кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя-Қирғизистон буда, бо дастовардҳояш дар ин сарзамин ба худ назир надорад.
«Дордой» ҳанӯз соли 1997 аз ҷониби тоҷир -Аскар Салимбеков ҳамчун клуби футбол дар асоси бозингарони дастаи «Семетей» таъсис дода шуда, дар аввалин соли ҳунарнамоӣ дар Чемпионати Қирғизистон мақоми 8-умро соҳиб шуд. «Дордой» низ мисли дигар дастаҳои Осиёи Марказӣ борҳо номи худро дигар кардааст. Солҳои 1997-1998 ин даста бо номи «Дордой-Нарин», 1998 «Дордой-Жаштик-Скиф», 1999-2004 «Дордой-Динамо» ва баъдан аз соли 2010 бо номи «Дордой» дар Чемпионати Қирғизистон баромад мекард.
Таърихи навини дастаи «Дордой» аз омадани мутахассиси рус Сергей Дворянков сарчашма мегирад. Ҳашт маротиба унвони чемпиониро ба даст оварданаш далел ба ин гуфтаҳост. Дастовардҳои «Дордой» дар ин солҳо чунин аст:
Чемпионати Қирғизистон
Чемпион (9): 2004, 2005, 2006, 2007, 2008, 2009, 2011, 2012,2014.
Витсе-чемпион (1): 2010
мақоми сеюм (3): 2001, 2002, 2003
Ҷоми Қирғизистон
Ғолиб (6): 2004, 2005, 2006, 2008, 2010, 2012
Суперҷоми Қирғизистон
Ғолиб (3): 2012, 2013, 2014[25]
Финалист (1): 2011[25]
Ҷоми президенти КФО
Ғолиб (2): 2006, 2007
Финалист (2): 2005, 2008, 2009, 2010
Мақоми 3-4 (1): 2012
Дастаҳои Тоҷикистон бо «Дордой» дар силсилаи рақобатҳои Ҷоми президенти КФО 4 маротиба бо ҳам рӯ ба рӯ шудаанд. Соли 2005 «Регар ТадАЗ» бо роҳбарии Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, ҳоло сармураббии дастаи «Ҳосилот»-и Фархор дар бозии финалӣ, ки дар кишвари Непал баргузор шуд, қувва озмуданд. «Регар ТадАз» бо ҳисоби калони 3:0 дастболо гардид. Бозии дуввуми худро ин дастаҳо бо натиҷаи мусовӣ (1:1, аз пеналтӣ 4:3, соли 2008) анҷом доданд ва «Регар ТадАз» аз зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ ба ғалаба шарафёб гашт. Ниҳоят соли 2009 бори дигар футболбозони шаҳри Турсунзода футболбозони қирғизистонии худро дар симои «Дордой-Динамо» бо нишондоди 2:0 мағлуб карданд.
«Дордой» соли 2006 бар дастаи дигари Тоҷикистон-«Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 2:1 дар финал ғолиб омадааст.
Соли 2007 бори дигар «Дордой» ғолиби Ҷоми президенти КФО гардид. Дар бозии финалӣ дар шаҳри Панҷоб қирғизҳо бар дастаи «Маҳендра»-и Непал бо натиҷаи 2:1 пирӯз гардиданд.
Ба ҳамин тартиб имсол дастаи «Дордой» мисли «Ҳосилот» барои роҳхат гирифтан ба бозиҳои гурӯҳии Ҷоми КФО дар бозии интихобӣ бар КФ «Балкан»-и Туркманистон дар ду вохӯрӣ (1:1, 2:1) ғолиб омад.
КФ «Додой» бозиҳои хонагии худро дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Бишкек, ки 23 000 ҷои нишаст дорад, барпо мекунад. Бино ба хабари «fc-dordoi.kg» сармураббии даста Руслан Сидиқов ёд мешавад, аммо дастаро Мурат Ҷумакеев ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ ба Тоҷикистон овардааст ва дирӯз дар нишасти матбуотӣ ширкат кард.
Ҳайати 18 нафараи бозингарони «Дордой» дар вохӯрӣ бо «Ҳосилот» чунин аст:
1. Валерий Кашуба
2. Мустафа Юсупов
3. Талант Самсалиев
4. Тахир Авчиев
5. Курсан Шератов
6. Адил Бекболотов
7. Анатолий Власичев
8. Ислам Шамшиев
9. Бекжан Сагинбаев
10. Мирбек Ахматалиев
11. Кайрат Жиргалбек уулу
12. Максим Зинченко
13. Марат Аджиниязов
14. Азиз Сидиков
15. Бактай Талайбек уулу
16. Алишер Азизов
17. Авазбек Откеев
18. Егор Потапов

Февраль 28, 2017 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд