Фарҳод Раҳимӣ ба Будапешт меравад

Февраль 13, 2017 13:32

ДУШАНБЕ,13.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Фарҳод Раҳимӣ — раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар семинари минтақавӣ, ки 23-24 феврал дар шаҳри Будапешт баргузор мешавад, намояндагӣ менамояд. Семинари минтақавӣ дар мавзӯи «Таъсири мутақобилаи парлумонҳо бо мақсади рушди устувор: сармоягузорӣ барои ҳамкории оянда дар масъалаҳои тағйири иқлим ва захираҳои об» гузаронида шуда, дар кори он дар радифи олимону коршиносон, инчунин ҳайатҳои баландпояи парлумонҳои кишварҳои ҷаҳон ширкат менамоянд.
Семинари мазкур дар доираи омодагӣ ба гузаронидани муколамаи Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид ва бо мақсади густариши равобити дуҷонибаи кишварҳои Иттиҳоди байнипарлумонӣ гузаронида мешавад.
Интизор меравад, ки дар доираи семинар масъалаҳои марбут ба захираҳои об ва тағйирёбии иқлим матраҳ гарданд.

Февраль 13, 2017 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ