Федератсияи футболи шаҳри Душанбе мавсими соли 2016-ро ҷамъбаст кард
ДУШАНБЕ, 13.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз федератсияи футболи шаҳри Душанбе бо баргузории як нишасти бузург дар тарабхонаи «Истиқлол» мавсими футболи соли 2016-ро ҷамъбаст кард.
Дар ин ҷамъомад дастаҳои футболи беҳтарини шаҳр бо туҳфаву мукофотҳо сарфароз гардиданд.
Миёни кӯдакону наврасони соли таваллудашон 2003-2004 футболбозони Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиш (МҶМОВ, тренераш Сафаралӣ Раҳмонов) соҳиби ҷоми шаҳр ва дастаи «Солор» (мураббиаш Насим Набиев) ғолиби мусобиқаи шаҳрӣ дар ин синн гардиданд. Дар байни футболбозони соли таввалудашон 2001-2002, баръакс «Солор» соҳиби ҷом ва МҶМОВ ғолиби мусобиқа шуданд. Дар синну соли аз ҳама бузург- 1999-2000 ҷомро бозингарони МҶМОВ-«Адидас» ва медалҳои тиллои чемпионатро футболбозони «Истиқлол» ба даст оварданд.
Беҳтарин бозингарони мавсими соли гузаштаи футболи шаҳр Муҳаммад Муҳаммадзода (МҶМОВ), Ҳамза Аҳтамов («Истиқлол») ва Ислом Зоиров эълон шуданд.
Унвони мураббӣ ва довари беҳтарини солро Насим Набиев («Солор») ва Насим Ҳамидов аз худ карданд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






