Ҳимояи марзу буми кишвар вазифаи ҳар ҷавон аст
ДУШАНБЕ, 13.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллҳи Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандўстии ҷавонон, хизмати софдилона ба Ватан ва ҳимояи марзу буми кишвар дар қисми ҳарбии 87/740 ба номи Иззатулло Куганови Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯрии хонандагон бо сарбозону афсарон доир гардид.
Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вохӯрӣ бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон гузаронида шуд.
Толибилмон бо шароити хизматии аскарон шинос гардиданд. Дар мулоқот миёни толибилмон ва сарбозон мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили футбол, волейбол ва шашка доир карда шуд.
Дар мулоқот аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон ба ғолибони мусобиқаҳо ва сарбозони қисми низомӣ, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дохил шудаанд, туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






