Имрӯз Конференсияи ғайринавбатии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид

Февраль 24, 2017 18:38

  ДУШАНБЕ, 24.02.2017. /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Конференсияи XXV ғайринавбатии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.
Дар кори Конференсия масъалаҳои дар бораи ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо масъулон ва фаъолони шаҳри Душанбе баён гардиданд, натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар давоми соли 2016 ва вазифаҳои минбаъдаи ташкилотҳои ҳизбӣ, интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, пешбарии номзад ва вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душабе ва пешбарии номзадҳо ва вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ гардиданд.
Тибқи банди 11, боби 4-и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 4 нафар вакилон бо дарназардошти ба кори дигар гузаштанашон аз ҳайати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бозхонд карда шуда, бо қарорҳои дахлдор чор вакили дигар ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ интихоб карда шуданд.
Мутобиқи моддаҳои 24, 25 ва 48-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва бандҳои 10 ва 11-и боби 4-и Оинномаи ҲХДТ ба ҷои вакили хориҷшуда номзадии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҳавзаи интихоботии №25 ба вакилии маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ гардид.
Дар Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Насимҷон Расулзода оид ба фаъолияти минбаъдаи ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ суханронӣ намуда,  ҷиҳати иҷроиши саривақтии дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди онҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.

Февраль 24, 2017 18:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд