«Кадбонуи беҳтарин» — эҳёгари ҳунарҳои мардумӣ
ДУШАНБЕ, 14.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмунҳои гуногун идома доранд. Бино ба иттилои Фазлиддин Маҳмадраҳимзода, корманди шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, дар маркази ноҳияҳои Ҷайҳун ва Панҷ бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба ин ҷашн бо иштироки занону духтарон озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид.
Мақсади озмун густариши ҳунарҳои пазандагӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти кадбонуҳои беҳтарин, аз қабили пазандагони моҳири таомҳои қадимӣ ва замонавӣ ва ба ин васила, тарғиби расму оинҳои миллӣ буда, аз роҳандозии ҳунари кадбонугии бонувон, ҷалби духтарон ба ҳунари пазандагӣ, эҳёи таомҳои миллӣ, ҷалби бонувони хонанишин ба корҳои ҷамъиятӣ иборат мебошад.
«Шартҳои асосии озмуни мазкур аз намоиши дастархони наврӯзӣ, ҳунарҳои кадбонугӣ, таомҳои миллии қадимӣ ва замонавӣ, тайёр намудани хӯришҳо, маҳсулоти нонӣ, аз қабили кулча, чаппотӣ, фатир, гирдача, шириниҳо, кулчақанд ва як таоми миллӣ иборат буданд»,-иброз дошт Фазлиддин Маҳмадраҳимзода.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






