Лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд!» ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 02.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Барномаи нави «Футбол ба назди Шумо меояд!», ки бо ташаббуси ФФТ бори чорум гузаронида шуд, ба анҷом расид. Дар он дастаи «Муҳаммад-2013» ғолиб омад.
Мусобиқаи мазкур 155 дастаи футболи кӯчаву маҳаллаҳоро ба ҳам овард, ки дар маҷмӯъ 2345 нафар наврасони аз 12-сола поён дар он ширкат намуданд. Мусобиқаҳои интихоби ва ниҳоӣ давоми як моҳ идома ёфтанд. Дар натиҷа ба бозии ниҳоӣ дастаҳои «Муҳаммад-2013» ва «Аҳрор Мухтор» роҳхат гирифтанд. Бозӣ бо натиҷаи 3:0 ба фоидаи дастаи «Муҳаммад-2013» ҷамъбаст шуд. Зинаи сеюмро «Возеҳ-40» касб кард.
Дар ҷамъбасти мусобиқа беҳтарин футболбозон муайян карда шуда, бо туҳфаҳои ифтихорӣ қадрдонӣ гардиданд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






