Маҳфили «Зебоӣ ва зебоипарастӣ» дар ноҳияи Мастчоҳ
ХУҶАНД, 18.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Зебоӣ ва зебоипарастӣ»- таҳти ин унвон дар мактаби миёнаи №16-и ноҳияи Мастчоҳ маҳфили фарҳангӣ доир гашт. Дар он аз ҷониби китобдорони китобхонаи мактаб китобу маҷаллаҳо дар мавзӯи «Занони Тоҷикистон», «Фирӯза», «Бонувони Тоҷикистон» ба намоиш гузошта шуда, аз тарафи хонандагон шеъру таронаҳо, саҳначаҳо, намоиши либосҳои миллӣ, омода намудани хӯриш ва рақсҳои ҷолиб пешкаши ҳозирин гардонида шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи ташкилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, маҳфил бо ибтикори бахши кор бо занон ва оила, кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил гардид.
Намояндагони мақомоти маҳаллӣ, роҳбарият ва омӯзгорони мактаб оид ба мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа ибрози ақида намуда, аз ҷумла баён доштанд, ки зебоӣ ба чашми мо нур ва ба дилҳо сурур мебахшад. Мо бояд на танҳо зебоӣ офарем, балки онро ҳифз кунем. Ҷавонон ҳамчун қишри ояндасози ин миллату ин давлат бояд нисбат ба табиат ва зебоиҳои нотакрори он бепарво набуда, барои нигоҳдошти он ғамхорӣ намоянд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






