Машварат ба соҳибкороне, ки хишти сохтмонӣ истеҳсол мекунанд
ДУШАНБЕ, 14.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи баланд бардоштани сифати маҳсулоти корхонаҳои хиштистеҳсолкунандаи Тоҷикистон ва рақобатпазирии он дар бозори дохилӣ зимни машварат, ки 14 феврал дар Агентии «Тоҷикстандарт» доир гардид, баррасӣ шуд.
Аз Агентии «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар машварат намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар, роҳбарону масъулини корхонаҳои истеҳсоли хишти сафолии шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ иштирок намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар радифи дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ айни замон Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон -«Бехатарии масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ» қабул карда шудааст, ки талаботи ҳатмиро барои истеҳсол, фурӯш, тамғагузорӣ, интиқол ва нигоҳдории масолеҳи сохтмонӣ муқаррар намуда, ба таъмини бехатарии бозори истеъмолӣ заминаи мусоид мегузорад.
Дар машварат масъалаҳои вобаста ба риояи талаботи регламенти техникии мазкур ва дар ин замина беҳтар намудани сифати хиштҳои сохтмонӣ баррасӣ гардида, аз ҷониби мутахассисон ба соҳибкорон тавсияҳо дода шуд. Мавриди зикр аст, ки алҳол дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ наздик ба 60 корхонаи хусусӣ оид ба истеҳсоли хишт фаъолият доранд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






