Миёни Тоҷикистону Россия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба имзо расид

Февраль 28, 2017 14:46

ДУШАНБЕ, 28.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 феврали соли равон бо Марина Томилова, муовини Вазири варзиши Федератсияи Россия дар заминаи ба имзорасонии Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҷониби Россия ташаббуси пешниҳод ва ба имзорасонии Ёддошти тафоҳуми ҳамкориро аз ҷониби Тоҷикистон хуш пазируфта, омодагии хешро барои ҳамкории мутақобилан судманд изҳор намуданд.
Аҳтам Абдуллозода маълумоти муфассалро ба ҷониби Федератсияи Россия оид ба сиёсати имрӯзаи соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, муваффақият ва дастовардҳои 25 соли соҳибистиқлолӣ дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, самтҳои нави таҳкими муносибатҳои судмандро пешниҳод намуд.
Дар мулоқот Марина Томилова омодагии хешро барои амалӣ намудани бандҳои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ва мусоидати бевосита ба баррасии масъалаҳои ба миёномада дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин иброз намуд.
Хотиррасон менамоем, ки 27 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе дар заминаи сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш ба имзо расид.

Февраль 28, 2017 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст