Муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи баъзе шаҳрвандон риоя намешавад

Февраль 7, 2017 14:43

ДУШАНБЕ, 07.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати шахсӣ бо намояндагони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, намояндагони кумита доир ба муқаррароти бандҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан гуфтанд. Таъкид гардид, ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе аз шаҳрвандон муқаррароти қонуни мазкурро риоя накарда, дар баргузории маъракаҳои хурсандӣ ба зиёдаравиҳо роҳ медиҳанд. Вобаста ба ин наворҳои тӯю маъракаҳо, ки аз ҷониби кормандони кумита сабт гардидаанд, ба ҳайати шахсии агентӣ бо истифода аз мониторҳо намоиш дода шуданд.
Зикр гардид, ки нисбат ба риояи ҳатмии муқаррароти қонуни мазкур ва пешгирии қонуншиканиҳо дар ин самт бояд ҳамагон масъул бошанд, зеро талаботи ин қонун манфиати иқтисодии шаҳрвандони кишварро ҳифз менамояд.
Бояд гуфт, ки тибқи иттилои Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ соли гузашта вобаста ба Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар судҳо 784 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шуданд. Аз онҳо нисбат ба 767 нафар дар маҷмӯъ ба маблағи зиёда аз 2 млн. 427 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст.

Февраль 7, 2017 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад