Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо Питер Фернандес оид ба рушди ҳамкории дуҷониба
ДУШАНБЕ, 10.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Питер Фернандес, Роҳбари намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Осиёи Марказӣ мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
«Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи ҳадаф ва афзалиятҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», инчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, гидроэнергетика, сайёҳӣ, татбиқи лоиҳаҳои нав, дастгирии бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ мубодилаи афкор намуданд»,- иттилоъ дод манбаъ.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир баён доштанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






