Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо доираи сармоягузорию молиявии Давлати Қатар

Февраль 5, 2017 19:43

ДУШАНБЕ, 05.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи сармоягузорию молиявии Давлати Қатар баргузор шуд.

Дар оғоз чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ Раиси Иттиҳоди робитаи сармоядорон ва соҳибкорони Давлати Қатар Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ ифтитоҳ намуда, ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан дод.

Сарвари давлати Тоҷикистон баргузории ин мулоқотро имконияти мусоиди муаррифии бештари роҳу самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон арзёбӣ карда, дар ҳузури намояндагони сершумори доираи молиявию сармоягузории Давлати Қатар бо нутқи пурмӯҳтаво баромад намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар Тоҷикистон айни замон тарҳу лоиҳаҳо ва барномаҳои зиёди манфиатовари иқтисодӣ мавриди татбиқ қарор доранд, ки ин амалия ҷалби сармояи бештари хориҷӣ ва технологияи муосиру замонавиро тақозо менамояд.

Таъкид шуд, ки барои ворид намудани технологияи муосир, ба роҳ мондани истеҳсолу содироти маҳсулоти соҳаҳои гуногун ва дастгирию таъмини пешрафти соҳибкорию сармоягузорӣ дар қонунгузориҳои Тоҷикистон як қатор имтиёзҳо ва кафолатҳо, аз ҷумла беш аз 240 номгӯи имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардида, дар бозори дохилии молу хизматрасонӣ, сармоя ва асъор шароити рақобати озод фароҳам оварда шудааст.

Лоиҳаҳои хурду бузурги Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, бунёди корхонаҳои коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори туризм, аз ҷумла сайёҳати кӯҳӣ ва фароҳамсозии имкониятҳои мусоид барои содироти оби тозаи нӯшокӣ ба Давлати Қатар самтҳои афзалиятнок ва манфиатовари ҳамкории доираи сармоягузорию молиявии Тоҷикистону Қатар арзёбӣ гардид.

Аз доираи молиявӣ ва сармоягузорони Давлати Қатар даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории зичу мутақобилан судманд дар соҳаҳои номбаршуда ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо имконоту иқтидорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар кишвари мо аз наздик шинос шаванд.

Доир ба имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон ба мисли энергетика, аз ҷумла дар бахшҳои гидроэнергетика ва нафту газ, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, алюминий, бонкдорӣ ва системаи бонкӣ, сайёҳӣ ва ғайра Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев муаррифиномаи муфассал пешкаш намуд.

Дар анҷоми ин мулоқоти муҳим имкониятҳои дигари иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ба таври муфассал муаррифӣ гардида, миёни намояндагони доираи молиявию сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар мубоҳисаи судманд баргузор шуда, ҳамчунин Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни биржаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар ба имзо расид.

32603383831_22d7802d7d_z

Февраль 5, 2017 19:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектеновро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд
Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд