Муовини якуми Прокурори генералӣ: «2900 нафар барои бемасъулиятӣ ба ҷавобгарии маъмурию интизомӣ кашида шуданд»
ДУШАНБЕ, 03.02.2017. /АМИТ Ховар/. «Дар соли 2016 дар ҷумҳурӣ аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо 693 ҷиноят содир шудааст, ки ин нисбат ба соли 2015 49 ҷиноят ё 6,6 % кам мебошад», — зикр кард Ҳотам Назарзода, муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳ.Назарзода ҳамчунин зикр кард, ки дар соли 2016 вобаста ба назорати риояи қонунгузорӣ дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд санҷишҳои прокурорӣ гузаронида шуда, 2900 нафар ба ҷавобгарии маъмурию интизомӣ кашида шуда, 474 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Дар нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз тарафи прокуророн дар байни аҳолӣ 10 600 суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид. Инчунин тавассути воситаҳои ахбори омма теъдоди зиёди маводи таҳлилӣ оид ба иҷрои қонун, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба нашр расиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






