Намоишгоҳи байналмилалии «Осиё-2017» дар Қарочии Покистон

Февраль 27, 2017 16:37

ДУШАНБЕ,27.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни Наврӯз рӯзҳои 20-22 март дар шаҳри Қарочии Покистон «11-умин намоишгоҳи байналмилалии «Осиё- 2017» оид ба пластик, банду баст ва чоп (PLASTIC, PACKAGING & PRINT ASIA INTERNATIONAL EXHIBITION & CONFERENCE) баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Интизор меравад, ки дар 11-умин намоишгоҳи байналмилалии «Осиё- 2017» бархе аз ширкату корхонаҳои кишварамон, ки ба банду баст ва чоп сару кор доранд, иштирок намоянд.
Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ муаррифии дастовардҳои молистеҳсолкунандагон ва ширкату корхонаҳои наздик ба 50 кишвари ҷаҳон дар бахши пластик, бастабандии таҷҳизот, технология ва чоп арзёбӣ мегардад. Намоишгоҳ дар масоҳати 8 ҳазор метри мураббаъ доман густурда, интизор аст беш аз 60 ҳазор нафар аз намоишгоҳ боздид намоянд.

Февраль 27, 2017 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд