Нишасти хабарӣ дар Теҳрон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»
ДУШАНБЕ, 09.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон 7 феврал бо иштироки доираи васеи рўзноманигорони дохилӣ ва хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳайати дипломатии муқими Эрон дар робита ба қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 нишасти хабарӣ баргузор гардид.
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон Неъматулло Эмомзода оид ба масоили об, аҳамияти рӯзафзуни он ва мушкилоти мавҷуда дар арсаи ҷаҳон ҳарф зада, зимнан ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар робита ба масоили об ва мавриди истиқболи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтани ин ташаббус баҳри расидагӣ ба мушкилоти мавҷуда ва роҳандозии ҳамкории созанда дар ин замина ёдовар шуд.
Ҳамзамон Сафири Тоҷикистон зикр намуд, ки дар шароити таъсири афзояндаи равандҳои ҷаҳонӣ ба захираҳои об, ба таври доимӣ беҳтар намудани муколама ва шарикӣ, роҳандозии ҳамкории самарабахшу оқилона дар соҳаи об ҷиҳати рушди устувор, нигаҳдории тавозун ва устувории экологӣ баҳри таъмини сулҳу амонӣ ба манфиати ҳамаи кишварҳо мусоидат хоҳад кард.
Сафир ба саволҳои сершумори ВАО посух дод ва дар фарҷоми нишаст наворҳои видеоӣ оид ба дастовардҳои Тоҷикистон ба ҳозирин пешниҳод гардид.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






