Нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат дар филиали ДДМ омӯзонида шуданд
ДУШАНБЕ, 09.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе оид ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласа баргузор гардид.
Сайидъало Мирзоев, директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе иброз дошт, ки «мо, кормандон ва донишҷӯёни филиали ДДМ аз он хушнуд ҳастем, ки Президенти кишвар соли 2017- ро Соли ҷавонон эълон намуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон зиёд аст»,- гуфт директори Филиали Донишгоҳи давлатии Москва.
Акмал Абдухолиқзода, ноиби ректор оид ба илми Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки дар Паёми имсолаи Президенти кишвар ба се ҳадафи стратегӣ: расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
«Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар бештар зикр гардиданд. Метавон гуфт, ки дар тӯли 25 соли исиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ музди маош қариб 60 фоиз зиёд шуд. Аз ҷумла, музди нафақа низ 85 фоиз боло бурда шуд»,- гуфт Акмал Абдухолиқзода.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






