Ҷоми ФФТ: ғолибони гурӯҳи «Б» муайян шуданд

Февраль 3, 2017 17:10

ДУШАНБЕ, 03.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар рақобатҳои интихобии Ҷоми ФФТ дар гурӯҳи «Б»-и минтақаи Душанбе бозиҳо ба анҷом расиданд. «Ҳосилот»-и Фархор дар ин гурӯҳ бо касби 9 имтиёз соҳиби ҷои аввал гардид. «Хайр»-и Ваҳдат баъди ғалаба бар ҳайати ҷавонони «Истиқлол»-и Душанбе имкон ёфт бо 6 имтиёз ба даври ниҳоӣ роҳхат гирад.

Вохӯриҳо дар гурӯҳи «А» 6 феврал ҷамъбаст мешаванд. То ҳол дастаҳои «Регар- ТадАз»  ва «Кӯктош» дар садри ҷадвал қарор доранд.

Ёдрас мешавем, ки бозиҳои ниҳоӣ аз 10 то 19 феврал дар шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд. 8 дастаи беҳтарин ба мусобиқаи ниҳоӣ аз се минтақа- Душанбе, вилояти Суғд ва Хатлон роҳхат мегиранд.

 Ҷоми ФФТ. Минтақаи марказ. Гурӯҳи «А»

 

    Б Ғ М Б Т\т И
1 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 3 2 1 0 6-1 7
2 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 3 2 0 1 6-3 6
3 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 2 1 0 1 6-5 3
4 КМВА «Помир» (Душанбе) 2 0 1 1 0-1 1
5 «Ваҳдат» (Ваҳдат) 2 0 0 2 2-10 0

 

Бозиҳои минбаъда:

3 феврал (ҷумъа)

12:30 – «Ваҳдат» – КМВА «Помир»

15:00 – «Локомотив-Помир» – «Кӯктош»

 

Даври 5

6 феврал (душанбе)

12:30 – «Ваҳдат» – «Регар-ТадАЗ»

15:00 – КМВА «Помир» – «Локомотив-Помир»

 

 Гурӯҳи «Б»

 

    Б Ғ М Б Т\т И
1 «Ҳосилот» (Фархор) 3 3 0 0 11-0 9
2 «Хайр» (Ваҳдат) 3 2 0 1 4-3 6
3 «Истиқлол» (Душанбе) 3 1 0 2 3-11 3
4 «Барқчӣ» (Душанбе) 3 0 0 3 1-5 0

 

Февраль 3, 2017 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд