Равобити парлумонӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон тавсеа меёбад

Февраль 6, 2017 17:20

ДУШАНБЕ, 06.02. 2017/АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории парлумонӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар меҳвари мулоқоти Олим Салимзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ва Аббосалӣ Каром оғлу Гасанов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.
Таъкид шуд, ки Парлумони Тоҷикистон ба рушди ҳамкории гуногунсоҳа бо Озарбойҷон аҳамияти махсус зоҳир мекунад. Мардумони ҳарду кишварро арзишҳои дӯстӣ ва муштаракоти фарҳангӣ аз қаъри асрҳо бо ҳам мепайвандад. Хусусан бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон равобити ҳасана бо Озарбойҷон рушд ёфт.
Мусоҳибон зикр намуданд, ки сафарҳои сарони ҳар ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев ба давлатҳои ҳамдигар ва вохӯрию мулоқоти ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистону Озарбойҷон омили ба вуҷуд омадани шароити мусоид ҷиҳати густариши муносиботи мутақобилан судманд байни ду кишвар гардидаанд. Дар ҷараёни ин сафарҳо самтҳои асосии ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ — техникӣ, башардӯстона, ки барои шарикии дарозмуддат ба нақша гирифта шудаанд, равона гардидаанд.
Зикр гардид, ки фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории парлумонҳои Тоҷикистону Озарбойҷон корҳои зиёдеро дар самти тақвияти маҷмӯи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории байнидавлатӣ ва мусоидати парлумонӣ барои таҳкими фаъолияти Комиссияи байнипарлумонӣ, махсусан ҷиҳати иҷро қарор гирифтани қарордод ва созишномаҳои имзошуда анҷом додаанд.
Дар анҷом зикр шуд, ки барои тавсеаи равобити гуногунсоҳа байни ду кишвар заминаи мусоид вуҷуд дорад, ки ин имконот ба нафъи Душанбе ва Боку равона хоҳанд шуд.

Февраль 6, 2017 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд