«Равшан» ва «Ҳулбук» ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ роҳхат гирифтанд

Февраль 7, 2017 11:53

ДУШАНБЕ, 07.02.2017. /АМИТ «Ховар»/.Дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Ҳулбук»-и Восеъ аз минтақаи Хатлон ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ роҳхат гирифтанд. Дирӯз дар бозии аввали нимниҳоӣ дастаҳои «Парвин»-и Бохтар ва «Ҳулбук»-и Восеъ дар вақти асосӣ ғолибро муайян накарданд ва вохӯрӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 ҷамъбаст шуд. Дар задани силсилаи зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ толеи футболбозони «Ҳулбук» баландӣ кард ва бо натиҷаи 5:4 ғолиб омаданд.
Дар ҷуфти дуюми бозиҳо «Равшан» бар «Саройкамар» бо натиҷаи 4:2 пирӯз гардид. «Ҳулбук» ва «Равшан» барои мақоми аввал дар минтақаи Хатлон 8 феврал бо ҳам рақобат мекунанд.
Ба ҳамин тартиб аз ҳашт дастаи иштирокдори бозиҳои ниҳоӣ Ҷоми ФФТ-2017 ҳафт дастааш муайян шуд. Инҳо «Ҳосилот»-и Фархор, «Хайр»-и Ваҳдат, «Регар-ТадАЗ», «Хуҷанд», «Равшан», «Ҳулбук» ва «Кӯктош» мебошанд.
Ёдрас мешавем, ки бозиҳои ниҳоӣ аз 10 то 19 феврал дар шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд ва дар он 8 дастаи беҳтарин аз се минтақа- Душанбе, вилояти Суғд ва Хатлон ширкат меварзанд.

Февраль 7, 2017 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад