Роҳхат ба даври ниҳоии озмуни «Арўси наврўзӣ»
ДУШАНБЕ, 28.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оила дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили Наврўзи байналмилалӣ озмуни ҷумҳуриявии «Арўси наврўзӣ»-ро ба роҳ мондааст. Даври аввали он миёни факултетҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва даври дуюм-ҷумҳуриявӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор мегардад.
Тавре ки аз Вазорати маориф ва илми кишвар хабар доданд, озмуни мазкур байни факултетҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон доир гардид. Озмуни мазкурро ҳайати ҳакамон аз Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ намояндагӣ намуда, ба маҳорату маърифати зеҳнии гулдухтарони донишгоҳ баҳогузорӣ намуданд. Дар озмуни мазкур донишҷўдухтарон бо шартҳои «Соҳибҷамоли наврўзӣ», «Соҳибхона», «Орифа», «Кадбонугӣ», «Соҳибҳунар» маҳорат ва ҳозирҷавобӣ нишон дода, ба саволҳо посух дода, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ифтихор аз фарҳангу либоси миллии худ ва ҳисси худогоҳиву худшиносӣ иштирок намуданд.
Дар фарҷоми маҳфил ғолибони озмун байни факултетҳо муайян гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравии донишгоҳ сарфароз гардиданд. Як нафар донишҷўдухтар ҳамчун ғолиби озмуни «Моҳпайкари наврўзӣ» ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






