Саҳми Тоҷикистон дар беҳтар гардидани муҳити зисти мардуми сайёра
ДУШАНБЕ, 11.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кўлоб дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Эколог» ва «Табиат» конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Саҳми Тоҷикистон дар беҳтар гардидани муҳити зисти мардуми сайёра» бо иштироки беш аз 100 нафар аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кўлоб хабар доданд, дар кори конфронс Саъбагул Валиева, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кулоб, Саймурод Исмоилзода, муовини раиси шаҳри Кўлоб ва дигарон баромад намуданд.
«Нахуст кори конфронс аз намоиши барномаи бадеӣ таҳти унвони «Нақши об дар дар таърихи ташаккули башарият» ва қироати порчаҳои шеърӣ таҳти унвони «Иқдоми пешво» аз тарафи хонандагони Гимназияи технологии шаҳри Кўлоб оғоз гардида, баъдан иштирокчиён дар мавзуҳои «Аҳамияти ташаббуси Тоҷикистон дар беҳдошту ҳифзи муҳити зист», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028»» аз нигоҳи экологӣ» маърўза карданд»,- иттилоъ дод манбаъ.
Дар ҳамин радиф бо иштироки аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони «Покизагии хоку обуҳавои Ватан аз обҳои поку мусаффои он аст» доир гардид.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






