«Сад ҷону дил фидои як муддаои модар!»-конфронс ба ифтихори Рӯзи Модар

Февраль 28, 2017 17:15

ДУШАНБЕ, 28.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Сад ҷону дил фидои як муддаои модар!» бо ташаббуси Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ конфронс баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, конфронс дар қасри фарҳангии ноҳия бо иштироки зиёда аз 300 нафар бонувону гулдухтарон баргузор гашта, дар он оид ба бузургии зан-модар ва ситоиши зани тоҷик суханҳои нек гуфта шуданд.
Дар хотимаи конфронс фаъолзанон бо сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия қадрдонӣ гаштанд.

Февраль 28, 2017 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст